Тафсири Сураи Касас Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 78
قَالَ اِنَّمَاۤ اُوۡتِيۡتُهٗ عَلٰى عِلۡمٍ عِنۡدِىۡؕ اَوَلَمۡ يَعۡلَمۡ اَنَّ اللّٰهَ قَدۡ اَهۡلَكَ مِنۡ قَبۡلِهٖ مِنَ الۡقُرُوۡنِ مَنۡ هُوَ اَشَدُّ مِنۡهُ قُوَّةً وَّاَكۡثَرُ جَمۡعًاؕ وَلَا يُسۡــَٔلُ عَنۡ ذُنُوۡبِهِمُ الۡمُجۡرِمُوۡنَ ٧٨
Қола иннама утӣтуҳу ъала ъилмин ъинди. А-ва лам яълам анналлоҳа қад аҳлака мин қаблиҳӣ мина-л-қуруни ман ҳува ашадду минҳу қуввата-в ва аксару ҷамъа. Ва ла юс-алу ъан зунубиҳиму-л-муҷримун. 78.
78. Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки бинобар донише, ки назди ман аст, маро моли фаровон дода шуд». Оё намедонист, ки Худованд аз қарнҳои пеш аз вай қавмеро ҳалок кард, ки аз вай тавонотар ва дар ҷамъият бештар буданд? Ва (дигар гунаҳгорон)-ро, ки онҳо аз чеҳраи сиёҳашон маълуманд аз гуноҳонашон пурсида намешаванд.
Марди ёғии ситамгори бани Исроил (Қорун) ба сарвати беҳисобаш мағрур буд, дар посух ба воъизони дилсӯз гуфт, ки шумо чиҳо мегӯед, ман бо воситаи илму дониши худ ин сарватро ба даст овардаам, ман ба раҳнамоӣ ва ба роҳбарии шумо эҳтиёҷ надорам, лоиқи ин сарват будаам, ки Худованд дониста ба ман ато кардаст, на ба шумо! Дар барои он, ки бо кадом роҳ Қорун соҳиби сарвати беҳисоб шуд, ривоятҳо ҳаргунаанд:
1-ум. Ӯ марди тоҷири моҳир ё кишоварзи моҳир буд, ё чандин навъи санъатро хуб медонист;
2-юм. Ӯ хазина, ганҷ (кон) шинос буд.
3-юм. Ӯ кимёгар буд.
Локин дар ояти мазкур ба кадом яке аз онҳо Қорун сарватманд шуд, қайд нашудааст. Хулоса, вақто ки Қорун соҳиби сарвати беҳисоб шуд, панддиҳандагони бохирад ӯро ба роҳи рост насиҳат доданд, аммо аз рӯйи кибру ғурур насиҳати носеҳонро напазируфт. Дар идомаи ояти мазкур Худованд ба Қоруни насиҳатношунав ва дигар инсонҳои ба ӯ монанд, посухи кӯбандае дода фармуд, ки оё ӯ нашунидааст мо қавмҳое, ки пеш аз ӯ нисбатан нерӯмандтар сарватмандтар буданд, нобудашон кардем? Оё онҳо тавонистанд ба воситаи молу сарват аз чанголи марг худро раҳо кунанд? Албатта, натавонистанд! Зеро ҳама ҳуҷчатҳо барои онҳо тамом шуда буд. Онҳо ақида ва амали худро бо он ҳуҷҷатҳо мутобиқ насохтанд. Дар қиёмат дигар барои қорунсифатон ҷои пурсишу посухи гуноҳҳон нест. Онҳоро навъи азобест, ки болои азобҳои онҳо зам мешавад. Наъузу биллоҳ.
Ояти мазкур ба ояти 92-юми сураи «Ҳиҷр» зид нест, ки дар он Худованд фармудааст: «Қасам ба Парвардигорат, ки мо аз ҳамаи онҳо савол хоҳем кард». Оре! Қиёмат марҳалаи бисёр дорад. Дар баъзе марҳалаҳо савол нест, зеро аз симояшон маълум аст. Чун аз он марҳалаҳо гузаштанд боз саволу ҷавоб оғоз мешавад. Барои маълумоти бештар ба ояти 39-уми сураи «Раҳмон» муроҷиъат шавад.
Хулоса, насиҳати носеҳон ба Қорун таъсир набахшид…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «