Тафсири Сураи Касас Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 79
فَخَرَجَ عَلٰى قَوۡمِهٖ فِىۡ زِيۡنَتِهٖؕ قَالَ الَّذِيۡنَ يُرِيۡدُوۡنَ الۡحَيٰوةَ الدُّنۡيَا يٰلَيۡتَ لَـنَا مِثۡلَ مَاۤ اُوۡتِىَ قَارُوۡنُۙ اِنَّهٗ لَذُوۡ حَظٍّ عَظِيۡمٍ ٧٩
Фа хараҷа ъала қавмиҳӣ фӣ зӣнатиҳ. Қола-л-лазӣна юрӣдуна-л ҳайата-д-дунйа йа лайта лана мисла ма утия Қоруну иннаҳу ла зу ҳаззин ъазӣм. 79.
79. Пас, (Қорун) бар қавми худ дар ороиши хеш берун омад. Ононе, ки зиндагонии дунёро талаб мекарданд, гуфтанд: «Кош он чӣ Қорунро дода шудааст, моро бошад! Ҳаройина, вай соҳибнасибаи бузург аст».
Одатан аксари сарватмандони мағрури худнамо барои қонеъ гардонидани ғурури худ ва нишон додани шаъну шавкати худ соле чанд маротиб сарваташонро ба намоиш мегузоранд. Ин одати деринаи онҳост, Қорун низ аз онҳо истисно нест. Зеро ӯ ба насиҳати хирадмандони қавми худ эътибор надод, бо зару зевар ва либосҳои қимматбаҳо худро ороиш дода, бо кару фарри зиёд назди қавми худ баромад.
Дар идомаи ояти мазкур омадааст, ки вақто ки Қорун дар ҳадди бисёр баланд худро ва бойигарии худро намоиш дод, аз тамошогарон касоне низ буданд дунёпарасту толиби зиндагонии дунё, аммо аз охири кор бехабар! Онҳо бо ҳавас гуфтанд, ки офарин ба Қорун ва бар ҷоҳу ҷалоли ӯ, ки таърих мислашро надидааст. Ба ростӣ ӯ аз неъматҳои дунёӣ баҳраи бузургеро насибдор шудааст, эй кош, ба мо ҳам мисли он чӣ ба Қорун дода шудааст, дода мешуд. Аммо донишмандони қавм ба матоъи дунёи гузарон фирефта нашудаанд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «