Сураи Қасас Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 77

وَابۡتَغِ فِيۡمَاۤ اٰتٰٮكَ اللّٰهُ الدَّارَ الۡاٰخِرَةَ‌ وَلَا تَنۡسَ نَصِيۡبَكَ مِنَ الدُّنۡيَا‌ وَاَحۡسِنۡ كَمَاۤ اَحۡسَنَ اللّٰهُ اِلَيۡكَ‌ وَلَا تَبۡغِ الۡـفَسَادَ فِى الۡاَرۡضِ‌ؕ اِنَّ اللّٰهَ لَا يُحِبُّ الۡمُفۡسِدِيۡنَ ٧٧

Вабтағи фӣ ма атакаллоҳу-д-дара-л-ахираҳ. Ва ла танса насӣбака мина-д-дунйа. Ва аҳсин кама аҳсаналлоҳу илайк. Ва ла табғи-л-фасада фи-л-арЗ. Инналлоҳа ла юҳиббу-л-муфсидӣн. 77.

77. Ва дар он чӣ Худо туро ато кардааст, салоҳи сарои охиратро биҷӯ ва ҳиссаи худро аз дунё фаромӯш макун ва накӯӣ кун, чунон ки Худованд бар ту эҳсон кардааст ва фасодӣ дар заминро маҷӯ. Ҳаройина, Худо фасодкунандагонро дӯст намедорад».

Хирадмандони қавм ба Қорун гуфтанд, ки эй Қорун! Беҳуда молу чизи худро дар роҳи фисқу фасод сарф накун. Сарвати худро дар роҳе сарф кун, ки писанди Худованд бошад. Он молу ҳоле, ки дорӣ, ба василаи он ободии сарои охирати худро ҷустуҷӯ кун. Аз дунё низ насибу баҳрабардории худро чун хӯрдану ошомидан, пӯшидану маскан (ҷои зист), издивоҷро фаромӯш накун. Ҳамчунин тандурустӣ ва қуввату нишот ва фароғати худро ба кор бару ғанимат дон! Чуноне ки Худованд ба ту эҳсон (накӯӣ) кард ва неъматҳои Худро ба ту арзонӣ дошт, ту низ ба бандагони Ӯ эҳсон кун ва ҳаққи ҳар соҳибҳақро ба соҳибаш бидеҳ!! Худо накунад, ки имконоти моддӣ туро бифиребад. Аз ин рӯ, дар рӯйи Замин даст ба фасодкорӣ назан ва назди Худованд худро гунаҳкор макун! Зеро одати Худованд ин аст, ки фасодкорони рӯйи заминро душмани худ медонад.

Барои маълумоти бештар ба ояти 22-юми сураи «Тур» муроҷиъат шавад.

Аммо Қорун дар посух ба хирадмандони қавм чӣ гуфт? Ояти зер ҷавоби ин савол аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)