Тафсири Сураи Касас Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 81
فَخَسَفۡنَا بِهٖ وَبِدَارِهِ الۡاَرۡضَ فَمَا كَانَ لَهٗ مِنۡ فِئَةٍ يَّـنۡصُرُوۡنَهٗ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ وَمَا كَانَ مِنَ الۡمُنۡتَصِرِيۡنَ ٨١
Фа хасафна биҳӣ ва би дариҳи-л-арЗа фа ма кана лаҳу мин фиати-н янсурунаҳу мин дуниллаҳи ва ма кана мина-л-мунтасирӣн. 81.
81. Пас, Қорунро ва сарои ӯро бар замин фурӯ бурдем, пас, набуд барои ӯ ҳеҷ гурӯҳе, ки ғайри Худо ӯро нусрат диҳад ва ӯ аз нусратдодашудагон набуд.
Сабаби ҳалоки Қорун ё туҳмати ӯ бар Мӯсо (а) буд ё туғёну саркашии вай ё таҳқири муъминони тиҳдаст ва ё чизи дигар. Ба ҳар тақдир, дар ин оят Худованд фақат аз ҳалоки Қорун хабар додааст, ки чун Мо Қорун ва сарои ӯро дар замин фурӯ бурдем, ӯ барои дафъи азоби Илоҳӣ ба ғайр аз Худованди якто дигар ҳеҷ гурӯҳе надошт, то аз онҳо ёрӣ биҷӯяд. Бо он молу сарват, бо он илму маҳорате, ки дошт, натавонист аз азоби Илоҳӣ худро наҷот диҳад.
Хулоса, худи ӯ, ҳама атрофиёнаш ва ҳама хазинаву дафинааш ба қаъри замин фурӯ рафтанду маҳву нобуд шуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «