Сураи Қасас Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 82

وَاَصۡبَحَ الَّذِيۡنَ تَمَـنَّوۡا مَكَانَهٗ بِالۡاَمۡسِ يَقُوۡلُوۡنَ وَيۡكَاَنَّ اللّٰهَ يَبۡسُطُ الرِّزۡقَ لِمَنۡ يَّشَآءُ مِنۡ عِبَادِهٖ وَيَقۡدِرُ‌ۚ لَوۡلَاۤ اَنۡ مَّنَّ اللّٰهُ عَلَيۡنَا لَخَسَفَ بِنَا‌ ؕ وَيۡكَاَنَّهٗ لَا يُفۡلِحُ الۡكٰفِرُوۡنَ ٨٢

Ва асбаҳа-л-лазӣна таманнав маканаҳу би-л-амси яқулуна вайкаанналлоҳа ябсуту-р-ризқа лима-н-яшау мин ъибадиҳӣ ва яқдир. Лав ла ам манналлоҳу ъалайна ла хасафа бина. Вайкааннаҳу ла юфлиҳу-л-кафирун. 82.

82. Ва ҳангоми субҳ ононе, ки дирӯз манзалати ӯро орзу мекарданд, мегуфтанд: «Эй аҷаб, ки Худо рӯзиро барои ҳар касе аз бандагони Хеш хоҳад кушода мекунад ва танг месозад. Ва агар на он буд, ки Худо бар мо миннат ниҳод, ҳаройина, (Замин) моро низ фурӯ мебурд». Эй аҷаб, ки кофирон растагор намешаванд!

Тамошочиёне, ки дирӯз ҷоҳу ҷалоли Қорунро дида, орзу карда буданд, ки эй кош, мо низ мисли ӯ сарватманд мебудем, субҳгоҳон диданд, ки Қорун бо дору дастааш гум аст. Замин ӯро дар умқи (қаъри) худ фурӯ кашидааст, гуфтанд: «Эй вой бар мо! Мо аз ин ҳақиқат бехабар будаем, то ҳол надонистем, ки ҳама кор дар ихтиёри Худованд будааст. Ризқу рӯзии касеро васеъ кунад, далели ризо ва хушнудии ӯ ва ризқу рӯзии касеро танг кунад, далели беарзиш будани ӯ дар пешгоҳи Худованд набудааст». Сипас, онҳо аз кори дирӯзаашон бисёр пушаймон шуда гуфтанд, ки эй вой бар мо! Мо бояд шукрона кунем. Агар дуъои моро Худованд дирӯз қабул мекард ва имрӯз мисли Қорун дар қаъри замин фурӯ мерафтем, кӣ ба мо кумак мекард?

Хулоса, онҳо ба хатои худ пай бурданд ва шукр гуфтанд, ки агар Худованд бо Раҳмати Худ ба мо миннат намениҳод, моро ҳам мисли Қорун ба қаъри замин фурӯ мебурд. Сипас, дар давоми суханашон гуфтанд, ки эй қавм, аз чунин ҳодиса таъаҷҷуб кунед ва огоҳ шавед, ки касе ки мункири неъматҳои Парвардигор шавад, чун Қорун, кофир аст. Сабаби наҷот наёфтани кофирон, куфрашон будааст на фақр. Во аҷабо! На дар дунё ва на дар охират, кофирон агарчи чун Қорун соҳибдавлат ҳам бошанд, растагор намешаванд. Аз достони Қорун зимнан маълум мешавад, ки агарчанде ӯ донишманди мумтоз буд, дар қатори қориёни хушовоз ҷой дошт, хешованди Мӯсо (а) низ буд, аммо бо куфру ғуруре, ки варзид аз дунё кофир рафт. Наъузу биллоҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)