Тафсири Сураи Касас Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 80
وَقَالَ الَّذِيۡنَ اُوۡتُوا الۡعِلۡمَ وَيۡلَـكُمۡ ثَوَابُ اللّٰهِ خَيۡرٌ لِّمَنۡ اٰمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًـا ۚ وَلَا يُلَقّٰٮهَاۤ اِلَّا الصّٰبِرُوۡنَ ٨٠
Ва қола-л лазӣна уту-л-ъилма вайлакум савабуллоҳи хайру-л ли ман амана ва ъамила солиҳа-в ва ла юлаққаҳа илла-с-сабирун. 80.
80. Ва касоне, ки онҳоро илм дода шуд, гуфтанд: «Вой бар шумо, савоби Худо барои касоне, ки имон оварданд ва кори шоиста карданд, беҳтар аст». Ва ин (сухан)-ро ба ғайри собирон касе дарёфт (қабул карда) наметавонад.
Дар муқобили касоне, ки бо дидани ҷоҳу ҷалоли Қорун сарвати дунёро орзу карданд, гурӯҳи хурде аз бани Исроил, ки донишманди воқеъӣ буданд, ҳузур доштанд ва ба онҳо насиҳат карда гуфтанд, ки эй вой бар шумо! Ин чӣ орзуест, ки шумо мекунед, оё намедонед, ки савобу подоши Илоҳӣ дар охират барои касоне, ки имон овардаанд, амалҳои солеҳро анҷом додаанду дар иҷрои амалҳои солеҳ шикебоанд, аз он чизҳое, ки шумо орзу мекунед, беҳтару хубтар аст? Маълум аст, ки сухани ингуна донишмандон фақат дар қалби касе таъсир мерасонад, ки ӯ дар тоъату ибодати Худованд босабр ва аз хоҳишоти нафсонӣ худро нигоҳ дошта метавонад.
Аз Расулаллоҳ (с), ривоят шудааст, ки Худованд дар ҳадиси қудсӣ чунин фармудааст: «Барои бандагони шоистаи Худ, он чиро, ки ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гӯше нашунида ва дар қалби ҳеҷ инсоне чӣ хел будани он нагузаштааст, омода кардаем».
Онгоҳ Расулаллоҳ (с) ба тиловати ояти 17-уми сураи «Саҷда» иршод фармуданд, ки маънои ҳадиси қудсиро тасдиқу таъйид мекунад. Барои маълумоти бештар ба ояти 17-уми сураи «Саҷда» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «