
Машҳуртарини макруҳоти намоз инҳоянд:
- Дар намоз ба кибр ва ғурур истодан;
- Бе узр саҷдагоҳро аз сангреза ва мисли он пок кардан;
- Руй ва пешониро аз гард ва хок пок кардан;
- Бар печи дастор саҷда кардан;
- Ангуштони дастро кашидан ва бо онҳо бозӣ кардан;
- Дар вақти саҷда оринҷро ба замин ҳамвор кардан, (аммо занҳо баракс оринҷҳояшонро ба замин мерасонанд);
- Ба тарафи чап ва рост бо гардонидани рӯй;
- Бо мӯйҳои худ бозӣ кардан;
- Либоси худро боло ва поин бурдан. Чизеро аз он тоза кардан;
- Дар намози ҷамоъат бо будани ҷои холй дар сафи пеш, дар сафи қафо истодан;
- Намоз хондан дар маконе, ки дар тарафи саҷдагоҳ ё чапу рости он сурати ҷондор бошад.
- Бо либоси корӣ ва чиркин бе узр намоз хондан.
- Оёт ё тасбеҳҳоро бо ангуштон шумор намудан (дар дохили намоз);
- Бе узр ба девор ё сутун такя намудан.
- Рӯй ба рӯи одамӣ истода намоз гузоридан.
- Қироатро дар рукӯъ тамом кардан, тасбеҳҳои рукӯъ ва суҷудро дар вақти бархестан тамом кардан;
- Дар вақти ба қиём бархостан бе узр бар замин такя карда хестан;
- Дар вақти қаъда бе узр сари ду по ё чорзону нишастан;
- Оби даҳон афкандан.
- Либос ё ҷомаро ба китф намуда остин нанамудан;
- Дар қиём бе узр ба як по истода пои дигарро роҳат додан.
Инчунин ҳар амали хурде, ки дар намоз бе узр анҷом дода мешавад, макрӯҳ аст.
Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.
| Дигар маводҳо: |


