Сураи Қасас Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 83

تِلۡكَ الدَّارُ الۡاٰخِرَةُ نَجۡعَلُهَا لِلَّذِيۡنَ لَا يُرِيۡدُوۡنَ عُلُوًّا فِى الۡاَرۡضِ وَلَا فَسَادًا‌ ؕ وَالۡعَاقِبَةُ لِلۡمُتَّقِيۡنَ ٨٣

Тилка-д-дару-л-ахирату наҷъалуҳа лил лазӣна ла юрӣдуна ъулувван фи-л арЗи ва ла фасада. Ва-л-ъақибату лил муттақӣн. 83.

83. Ин сарои бозпасинро барои ононе муқаррар мекунем, ки дар рӯи Замин на такаббурӣ металабанд ва на фасодро. Ва оқибати некӯ барои парҳезгорон аст.

Баъди баёни ҳоли Қорун, ки дар ҳафт ояти қаблӣ гузашт, ҳоло Худованд дар оғози ин оят бо калимаи «Тилка», ки дар истилоҳи арабҳо ба бузург будани ишорашуда далолат мекунад, суннате аз суннатҳои Худро ба мо таълим дода фармудааст, ки сарои охират (Биҳишт) иззату мақому мартабаҳои баландро, ки ҷовидонанд, барои касоне муқаррар мекунем, ки онҳо дар рӯйи Замин бар мардум бартарӣ (кибр) ва фасодкорӣ намекунанд ва хоҳони он ҳам нестанд. Зеро некӯии охират барои парҳезгорон аст.

Дар ҳадиси шариф омадаст, ки «дар дили касе ҳамвазни заррае аз кибр бошад, ба Биҳишт ворид намешавад». Марде гуфт: «Ё Расулаллоҳ (с)! Шахсе дӯст медорад, ки ҷома ва кафши вай зебо бошад, оё ин аз кибру бартариҷӯист?». Расулаллоҳ (с) фармуданд: «На! Ин аз кибр нест. Худованд зебоиро дӯст медорад. Кибр он аст, ки аз ҳақ саркашӣ мекунад ва бар мардум фахр карда, онҳоро кӯчак мешуморад».

Хулоса, аз мазмуни оятҳои қаблӣ фаҳмида шуд, ки сарои охират ва неъматҳои он азони мутакаббирон набуда, балки махсуси парҳезгорону муъминони солеҳ будааст. Дигар ин ки барои ҳар сарватманд, албатта, насиҳатгари хирадманд лозим будааст. Худованд дар ояти зер аз фазли худ сухан ба миён оварда гуфтааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)