Сураи Қасас Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 84

مَنۡ جَآءَ بِالۡحَسَنَةِ فَلَهٗ خَيۡرٌ مِّنۡهَا‌ ۚ وَمَنۡ جَآءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَى الَّذِيۡنَ عَمِلُوا السَّيِّاٰتِ اِلَّا مَا كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ ٨٤

Ман ҷаа би-л-ҳасанати фа лаҳу хайру-м минҳа. Ва ман ҷаа би-с-саййиати фа ла юҷза-л-лазӣна ъамилу-с-саййиати илла ма кану яъмалун. 84.

84. Ҳар кӣ некие биёрад, пас ӯрост беҳтар аз он. Ва ҳар кӣ бадие биёрад, пас, ҷазо дода намешавад касонеро, ки хатоҳоро ба амал оварданд, магар ба мисли он чӣ амал мекарданд.

Дар ояти мавриди назар Худованд аз фазлу карами Худ хабар дода гуфтааст, ки касе кори неке анҷом диҳад, аз он амалаш дида дар қиёмат беҳтар ба ӯ подош дода мешавад. Худованд дар сураи «Анъом» ба ҳамин шакл гуфтааст, ки шахсе амали савобро анҷом диҳад, барои ӯ ҳадди ақал даҳ баробар подош дода мешавад. Агар амал дурусту мақбул бошад, Худованд аз лутфу фазли бекаронаш гоҳо даҳ, гоҳо ҳафтсад, гоҳо аз он ҳам зиёдтар, ба амалкунанда подоши ҳасана (нек) медиҳад. Барои маълумоти бештар ба ояти 261-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад.

Дар идомаи ояти мазкур аз муҷозоти бадкорон хабар додааст, ки ба касе, ки кори баде кардааст, бе он ки дар ҷазои он афзуда шавад, бе зиёдатӣ, мувофиқи корҳои бадаш, ҷазо дода мешавад. Худованд шахсони имондори гунаҳкорро метавонад афв кунад ва бо раҳмату фазли Хеш аз гуноҳҳояшон даргузарад, ин кори Ӯст ва насиби кист, ҳеҷ кас намедонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)