Тафсири Сураи Касас Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 87
وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنۡ اٰيٰتِ اللّٰهِ بَعۡدَ اِذۡ اُنۡزِلَتۡ اِلَيۡكَ وَادۡعُ اِلٰى رَبِّكَ وَلَا تَكُوۡنَنَّ مِنَ الۡمُشۡرِكِيۡنَۚ ٨٧
Ва ла ясуддуннака ъан айатиллаҳи баъда из унзилат илайк. Вадъу ила Раббик. Ва ла такунанна мина-л-мушрикӣн. 87.
87. Ва бознадоранд кофирон туро аз таблиғи оятҳои Худо, баъд аз он ки ба сӯйи ту фуруд оварда шуд. Ва ба сӯйи Парвардигори хеш даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон мабош!
Донистани илми тавҳид хамирмояи тамоми масъалаҳои динист. Донистани илми тавҳид ҳам асласту ҳам фаръ, ҳам кулласту ҳам ҷузъ. Ҳоло Худованд дар дувумин дастур ба Расули Худ (с) фармуд, ки набояд куффор туро аз амал кардан ба оятҳои Худованд, баъд аз он, ки бар ту нозил шудаанд, боз доранд. Суханҳои дурӯғини кофирон ва озорҳои онҳо низ набояд туро аз тиловати китоби Худо (Қуръон) монеъ шавад. Дастури севум: Мардумро ба сӯйи Худованд ва ба ягонагии Ӯ ва амал ба фароиз ва парҳез аз маъосӣ даъват кун! Дастури чаҳорум: Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки зинҳор, чӣ дар амал ва чи дар эътиқод, қатъан аз ҷумлаи мушрикон мабош! Ояти зер панҷумин дастурро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «