Тафсири Сураи Касас Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 88
وَلَا تَدۡعُ مَعَ اللّٰهِ اِلٰهًا اٰخَرَۘ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ ۚ كُلُّ شَىۡءٍ هَالِكٌ اِلَّا وَجۡهَهٗؕ لَـهُ الۡحُكۡمُ وَاِلَيۡهِ تُرۡجَعُوۡنَ ٨٨
Ва ла тадъу маъаллоҳи илаҳан ахар. Ла илаҳа илла Ҳу. Куллу шай-ин ҳаликун илла ваҷҳаҳ. Лаҳу-л-ҳукму ва илайҳи турҷаъун. 88.
88. Ва бо Худо маъбуди дигареро махон, ғайри Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳақе нест! Ҳар чиз ҳалокшаванда аст, магар ваҷҳ (Зоти)-и Ӯ, мар Ӯрост фармонравоӣ ва ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед!
Худованд таъкидан дар дастури панҷумин ширкро маҳкум карда, ба Расули Худ (с) ва туфайлашон тамоми муъмину мусалмонҳоро фармудааст, ки ҳаргиз маъбуди дигареро бо Худо ҳамроҳ махон! Зеро ғайри Ӯ дигар Худои барҳаққе нест, ки сазовори ибодат бошад. Ҳар чизе, ки бошад, ҷуз Зоти поки Ӯ ҳалокшаванда ва нестшаванда аст. Фақат Аллоҳ таъолост, ки ҳамеша зинда ва ҳамеша пояндааст. Ҳукм ва фармонравоӣ, хоҳ дар дунё бошаду хоҳ дар охират ва хоҳ дар умури дунё бошаду хоҳ кори шариъат, азони Ӯст ва бозгашти ҳамаи шумо, низ ба сӯйи Ӯст. Ҷазо ё мукофот ҳам дар ихтиёри Ӯст. Барои маълумоти бештар ба оёти 26-27-уми сураи «Ар-Раҳмон» ва ба ояти 68-уми сураи «Зумар» муроҷиъат шавад.
Поёни сураи «Қасас» ва лиллоҳил ҳамд.
Бор Илоҳо! Муҳаббати дунё ва кибру талошу бартариро ва дар рӯйи замин фитнаву фасод андохтанро аз қалбу дасту тани мо дур кун ва моро дар сафи парҳезгорон, ки оқибати нек азони онҳост, қарор деҳ! Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «