Сураи Кавсар Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кавсар Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кавсар Ояти 3

اِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْاَبْتَرُ ٣

Инна шаниака ҳува-л-абтар. 3.

3. Албатта, душманони ту онҳоянд, думбурида (бе наслу бедавом).

Яъне эй Муҳаммад (с) бадбинандаи ту аз ҳама некиҳои дунё ва аз раҳмати Аллоҳтаъоло, агарчи ӯро авлоду ҳамсуҳбатони бисёр бошад ҳам, чунон думбуридаву (яъне силсилаи авлодаш қатъшуда ва бедавом) беоқибат аст, ки ҳеҷ кас ба ғайри лаънат бо сухани дигаре ӯро зикр намекунад.

Аллоҳтаъоло Пайғамбар (с)-ро дар бисёр оятҳои “Қуръон” ҳатто дар зимни ҳамин сураи муборак бо сифатҳои нек зикр кардааст. Барои ӯ (с) хайри бисёр арзонӣ фармуда ва номи ӯ (с)-ро то абад ҷовид доштааст.

Чуноне ки номи мубораки Пайғамбар (с)-ро дар оятҳои Қуръон паҳлӯи номи худ ҷой дод. Иншоаллоҳ, то қиёмат аз манораҳои азондиҳию аз минбарҳо номи мубораки ӯ (с) зикр мешавад.

Алҳамдиллоҳ, то имрӯз чандин миллион инсонҳо худро уммати Пайғамбар (с) хонда, кор ва роҳи ӯро идома доданду медиҳанд. Аз фарзандони духтари он ҳазрат Фотиматуз-заҳро (р) авлоди бисёре дар олам мунташир аст, ки онҳоро алъон Фотимиҳо меноманд. Ҷаҳон бо осори некӯии Он ҳазрат (с) равшан аст. Инчунин дӯстон ва душманон, ислоҳот ва корнамоиҳои дурахшони ӯро аз сидқи дил эътироф намудаанд.

Зиёда аз мартабаҳои дунё дар охират ба мақоми Маҳмуд мерасад, ки он дар байни аҳли башар ва малоик аз ҳама мақоми болотар аст. Пас, чӣ гуна калимаи “абтар” (думбурида, беавлод) ба он зоти босаъодат (с) мувофиқ меояд? Алъаёзу биллоҳ.

Чунин зотро абтар гуфтан аз беақлию нодонист. Дар хақиқат, абтар касе мебошад, ки ба чунин Зоти мубораку азиз бухлу адоват варзида, зикри хайру осори нек аз худ боқӣ намегузорад.

Дар тафсири Кашшоф оварда, ки кофирон Муҳаммад (с)-ро мабтур мегуфтанд, яъне ӯ фарзанде ё бародаре надорад. Чун ӯ бимирад, дини ӯ низ дарҳол нест мешавад. Ҳақтаъоло фармуд, ки душмани ту мисли хари думбуридааст, ки ҳатто дар ҳамин дунё чандон арзише надорад. Дар охират бошад, малъун аст. Чун ӯ бимирад, мардум бар вай то қиёмат лаънат хонанд. Аммо уммати ту бошад, бар ту салавот фиристанд ва туро дӯст доранд, бар болои минбарҳо ва манорҳо номи туро ҳамроҳи номи Аллоҳ зикр кунанд, барои муҳаббати ту ҷонбозиҳо кунанд, ҳар сол чандин ҳазор уммати ту ба зиёрати ту биёянд. Акнун насиби муъмин он аст, ки дӯстии дӯстони Ӯро шиори худ созӣ ва аз душманони дӯстони Ҳақтаъоло дур бошӣ! Дар ҳақиқат ҷаҳон шоҳиди он аст, ки касоне, ки ин калимаро ба зоти Он ҳазрат (с) нисбат дода буданд, дар ҳеҷ ҷо асаре аз худ бар ҷой нагузоштанд ва ҳеҷ кас номи онҳоро ба некӣ ёд намекунад.

Илоҳо, моро ва авлоди ояндаи моро аз бандагони хоси Худ ва аз уммати ҳақиқӣ ва пайрави Ҳабиби Худат ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) гардон. Омин!

Аз дами субҳи азал то ба қиёми арасот
Ба сару пои дилорои Муҳаммад салавот

Шиканад теғи забонам ҳама дам шохи набот
Бод бар қомати раънои Муҳаммад салавот

Фарзи ъайн аст бигӯем то вақти мамот
Дам ба дам бар гули рухсори Муҳаммад салавот.

Поёни сураи “Кавсар”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Кавсар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кавсар Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Кофирун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)