Сураи Кавсар Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кавсар Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кавсар Ояти 2

فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ ٢

Фа салли ли Раббика ванҳар. 2.

2. Пас, барои Парвардигори худ намоз хон ва (уштурро) қурбонӣ кун!

Аллоҳтаъоло фармудааст, ки эй Ҳабиби Ман (с), неъматҳои бузургро шукри бениҳоят бузург лозим аст. Бинобар ин, Расулаллоҳ (с) барои шукронаи ин неъматҳо дар ибодати Рабби хеш бо ҷону ҷисму мол доимо ҳозир буданд. Бузургтарин ибодати баданию руҳӣ ин намоз аст ва дар ибодати молӣ бошад, қурбонӣ кардан аҳмияти хосе дорад. Аз ҳамин ҷиҳат Худованд Пайғамбар (с.)-ро амр кард, ки барои Парвардигори худ холис намози “Азҳо” (иди Қурбон)-ро хонда, барои ризои Ӯ уштур, ки беҳтарин моли мардуми араб мебошад, қурбонӣ кунад. Аз ин рӯ, мо ки бандагони Худованди ягона ва уммати ҳабиби Ӯ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳастем, бояд бо дилу ҷон барои ризои Ӯ таъоло намозҳои панҷвақта ва намози иди Азҳоро хонем, аз моли ҳалоли худ, аз ҳама беҳтаринашро қурбонӣ кунем ва ин суннати неки ҳ. Иброҳим (а)-ро ба ҷо биёрем. Шояд, ки Худованд ин ибодатҳои моро ҳамчун ибодатҳои баданию руҳию ҷонӣ ва молӣ қабул намояд. Дар роҳи ризои Ӯ таъоло ҷонзотеро қурбон кардан ва бенавоеро сер кардан яке аз воситаҳои шукри Аллоҳтаъолоро ба ҷо овардан аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Кавсар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кавсар Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Кавсар Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)