Сураи Кофирун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кофирун – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кофирун 109-уми сураи “Қуръон” буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда аз 6 оят иборат аст.

Сабаби нозил шудани ин сураро муфассирони киром чунин ривоят кардаанд:

Якчанд нафар аз сардорони Қурайш ба назди Пайғамбари Худо (с) омаданд ва гуфтанд:

“Биё, ба ин тартиб сулҳ барқарор созем. Ту як сол маъбудони моро ибодат мекунӣ ва мо соли дигар маъбуди туро ибодат мекунем.”

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷавоб гуфтанд:

“Маъозаллоҳ, ки ман ба Парвардигори худ касеро шарик биёрам”.

Маълум буд, ки кофирон дар зоҳир сулҳ карданӣ шуданд, лекин он сулҳ не, балки мудоҳана буд. (Мудоҳана дар зоҳир сулҳ ва дар ботин хилофи сулҳро гӯянд). Пас ин сураи мубораки тавҳид ва бароат (халосӣ) аз ширку гумроҳӣ нозил шуд. Дар он низоъи байни ду тоифа аҳли имон ва бутпарастон баён мешавад. Бехирадии онҳо ошкор мегардад, хоҳишҳои кофирон рад мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Кофирун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кавсар Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Кофирун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)