Сураи Қиёмат Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Киёмат Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қиёмат Ояти 39

فَجَعَلَ مِنۡهُ الزَّوۡجَيۡنِ الذَّكَرَ وَالۡاُنۡثٰىؕ ٣٩

Фа ҷаъала минҳу-з-завҷайни-з-закара ва-л-унса. 39.

39. Пас, он ( мани)-ро ду ҷуфт гардонид: марду зан.

Худованди бузург аз он об ду синф ҷинси одамӣ, яъне мард ва занро ба қудрати худ халқ кард.

Аз чунин оби ночиз ба ҷуз Аллоҳтаъоло кӣ қодир аст, ки махлуқ ба вуҷуд биёрад? Ҳеҷ кас! Модоме ки асли инсон чунин будааст, чӣ хел ҷасорат мекунад, ки аз тоъати Парвардигори худ сарпечӣ ва такаббур кунад?


Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қиёмат Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қиёмат Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)