Тафсири Сураи Киёмат Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қиёмат Ояти 5
بَلۡ يُرِيۡدُ الۡاِنۡسَانُ لِيَفۡجُرَ اَمَامَهٗۚ ٥
Бал юрӣду-л-инсану ли яфҷура амамаҳ. 5.
5. Балки инсон мехоҳад, то ин ки ба он чӣ (қиёмат), ки дар пеши рӯи ӯст, маъсият кунад (ва тавбаро ба таъхир андозад).
Худованд аз омадани қиёмату баъс, ҳисобу китоб, ҷазову мукофот хабар дода ба парҳезгорон фароғати Ҷаннат ва ба муҷримон Дӯзах ваъда додааст. Ин чи инсоф аст, ки ба он азобу даҳшате, ки инсон дар пеш дорад боз мехоҳад фуҷур кунаду ба гумроҳии хеш боқӣ монда, ҳатто воқеъияти қиёматро инкор кунад? Ин ҳама кори инсони ҳақношинос аст, ки ӯ ҳаракат мекунад то ҳамчу ҳайвон ғаму андӯҳ надошта бошад, танҳо мақсади ягонаи ин гуна инсонҳо расидан ба хоҳишоти нафсонӣ ҳасту халос! Балки ин ғафлатзада ҳамчунон, ки пеш гуноҳ содир мекард, боз бар ҳамон ҳолаташ боқӣ мемонад ва бо мазоҳ мепурсад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «