Тафсири Сураи Киёмат Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қиёмат Ояти 4
بَلٰى قٰدِرِيۡنَ عَلٰٓى اَنۡ نُّسَوِّىَ بَنَانَهٗ ٤
Бала қодирӣна ъала ан-н-нусаввия бананаҳ. 4.
4. Оре, (ҷамъ мекунем). Ҳатто бар он тавоноем, ки сарангуштхатҳои ӯро ҳамвор кунем.
Бале, мо ба зинда гардонидани мурдаҳо ва бо ҳам овардани устухонҳои пӯсидаи онҳо хоҳ хурд бошанд хоҳ калон қодир ҳастем. Ҳатто мо “банонаи” инсонҳоро ҷо ба ҷо мегузорем. Мурод аз “банонаҳ” гуфтани Аллоҳтаъоло ин аст, ки сари ангуштони ҳар инсон аз рӯйи хат ва сохт ба ҳамдигар мувофиқ намеоянд ва аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Ҳеҷ гоҳ хати дар сари ангуштҳои як инсон буда ба дигар инсон монанд нест. Инро илми кашфшиносӣ низ собит сохтааст. Аз тарафи дигар дар фанни “криминалистика” изи ангуштони инсон омӯхта мешавад. Дар сурати содир шудани ҷиноят, дар рафти тафтиши ҷойи ҳодиса аз пайи ангуштони ҷинояткор сурат бардошта мешавад. Дар ҳолати муқоиса намудани изи ангуштҳо бо ангуштони гумонбаршуда, ҳақиқат ошкор мегардад. Ана ҳамин гуногунии сурати ангуштҳои инсонро Худованд зиёда аз 14 аср пеш дар Қуръон хабар додааст. Зеро ӯро Худаш халқ кардааст ва аз узвҳои бадани инсон бохабар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «