Сураи Қиёмат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Киёмат – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қиёмат 75-ум сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 40 оят иборат аст.

Сураи Қиёмат тавре, ки аз номаш маълум аст аҳволи рӯзи Қиёмат яъне зинда гардонидани баъд аз миронидан, ҳисобу китоби аъмоли бандаҳо ва мувофиқи он ҷазо ё мукофот гирифтани онҳоро баён мекунад. Дар сура ба сахтиву ҳавлу даҳшати он рӯз эътибори зиёд дода шудааст. Аллоҳтаъоло ба рӯзи Қиёмат ва нафси маломатгар савганд хӯрда, баъс яъне пас аз мурдан зинда гардониданро бори дигар таъкид месозад, ки он бешакку шӯбҳа ҳақ аст.

Баъдан баъзе аз аломатҳои он рӯзи пуртаҳлука аз қабили сиёҳ шудани моҳтоб ҳайрон мондани чашмҳо ва ҷамъ кардани халоиқ барои ҳисоби аъмолашон ва гирифтани ҷазо ё мукофоти онҳо ёдрас мешавад. Сура таъкид мекунад, ки дар охират мардум ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд, ки яке мардуми “Суъадо” (саодатманд) ва дигаре “Ашқиё” (бадбахт) мебошанд. Рӯйҳои суъадо пур аз нур буда, ба сӯйи Раббулҷалил назар мекунанд ва ашқиё бошанд баръакс рӯйҳояшон тира буда, бисёр хору залиланд. Ҳамчунин дар сура омадааст, ки чун мавти инсон фаро мерасад, ҳама ғаму ғуссаи аз ёдаш фаромӯшшудаи баъди мавтро пайи мебарад. Дар охир Аллоҳтаъоло бо далели ақлӣ рӯзи маҳшар ва зинда гардонидани баъд аз мирониданро исбот мекунад.

Ин буд мухтасаран мундариҷаи сураи Қиёмат.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қиёмат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)