Сураи Қиёмат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Киёмат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қиёмат Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

لَاۤ اُقۡسِمُ بِيَوۡمِ الۡقِيٰمَةِ ١

Ла уқсиму би явми-л-қийамаҳ. 1.

1. Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат.

Бовар кардан ба рӯзи қиёмат яке аз рукнҳои асосии Ислом мебошад. Савганди Аллоҳтаъоло ба он рӯзи ҳавлнок аз як сӯ агар мақоми баланд доштани он рӯзро назди Ӯ таъоло собит созад, аз сӯйи дигар далолати бешакку шӯбҳаи воқеъ гаштани он рӯз аст. Аммо кадом вақт Қиёмат ба вуқӯъ меояд танҳо Худованди бузург медонад. Дар Қуръони маҷид нишонаҳои он рӯз дар чандин сура зикр гардидааст. Ояти зер ин муқаддимаро давом медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қиёмат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қиёмат Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)