Тафсири Сураи Коф / Қоф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф дар Макка нозил шуда, 50-умин сураи Қуръон буда, аз 45 оят иборат аст.
Ин сура бо ҳарфи «Қоф» ибтидо шуда, чӣ маъно доштани онро Аллоҳ таъоло медонад. Дар ин сура масъалаҳои асосии ақидаи исломӣ, ба мисли ҳақ ва дуруст донистани ваҳдонияти Аллоҳ таъоло, рисолат (пайғамбарӣ) ва баъсу нушур (зинда гардонидан баъд аз миронидан) мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Меҳвари асосии сура атрофи масъалаи баъсу нушур давр мезанад. Ин аст, ки аз шунидани мазмуни оятҳои ин сура нафас дар гулӯ дар мемонад, ларза дар андом меафтад ва дар дил эҳсоси хафву тарс пайдо мешавад.
Сура бо нуктае, яъне ҳаёти баъди фано, ки кофирони Қурайш онро инкор карда, аз ғояти он тааҷҷуб доштанд, оғоз мешавад. Баъди ин аз қудратҳои Аллоҳи бузург, ба мисли Замин, осмон, об, алаф, борон, хурмо ва ғайра, ки дар саҳифаҳои ҳамин дунё ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло ишорат мекунанд, баён мешавад.
Сура аз инҳо интиқол карда, ба хотири барҳазар кунонидан кофирони Макка аз ояти 12-ум ва баъд ҳадиси умматҳои дурӯғпиндорандагони баъсу нушурро, ки дар замонҳои пеш саркашӣ намуда, мавриди азобу балоҳои шадиди Ӯ таъоло қарор гирифтаанд, то шояд ба ҳамин сабаб ба худ омада, роҳи ҳидоятро ёбанду аз азоби муқарраршуда дар амон монанд, ёдрасон мекунад. Аммо ҳайҳот!
Баъди ин ба ҳадиси сакароти мавт гузашта, ваҳми рӯзи ҳашр, ҳавли қиёмату ҳисоб, аҳволи сахти инсони муҷрим, ки дар он рӯз чиро рӯ ба рӯ меояд, сухан мекунад. Ин мазмунро аз ояти 20-ум ва мобаъдаш, иншоаллоҳ, пайдо кардан мумкин.
Дар хотима бо баёни «Сайҳатул ҳақ» овозест, ки ба сабаби шунидани он мардум аз қабрҳояшон хориҷ шуда, мисли тӯдаи малах бе рабту низом ба ҳар сӯ ҳаракат менамоянд, ҳол он ки ягон нафари онҳо аз Аллоҳ махфӣ намонда, ҳама ба сӯи майдони ҳисобу ҷазо равон мешаванд, сура ба охир мерасад. Ин як исботест раднашванда ва ҳақ будани қиёматро маълум мекунад. Вале мушрикон онро инкор мекарданд. Дар ин бора аз ояти 41-ум ва баъд маълумоти пурра ҳосил хоҳед кард.
Сура аз ду қисм иборат аст. Оятҳои 1-ум то 22-юм қисми аввал ва ояти 23-юм то охир қисми дуюми ин сура дониста мешавад.
Иншоаллоҳ, дар рафти тарҷума луғатҳои душворфаҳм ва сабабҳои нузули баъзе оёт ба қадри имкон шарҳу эзоҳ ва баёни худро хоҳад ёфт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «