Сураи Қоф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

قٓ ۚ وَالۡقُرۡاٰنِ الۡمَجِيۡدِۚ ١

Қоф. Ва-л-Қурани-л-маҷӣд. 1.

1. Қоф (маънои ин ҳарфро танҳо Худованд медонад). Ва қасам ба Қуръони маҷид (арҷманд).

Баъзе сураҳои Қуръон бо ҳарфҳои алоҳида оғоз мегарданд. Ин ҳарфҳо аз ҷумлаи ибораҳои муташобиҳот (сирҳо) буда, чӣ маъно доштани онҳоро ба ҷуз Аллоҳ таъоло касе намедонад. Аз он ҷумла ин сураи муборака ҳам, бо ҳарфи «Қоф» (қ) оғоз шуданашро Аллоҳ таъоло муносиб дидааст, маънои онро Худаш медонад.

Баъзе муфассирон мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло бо ин тарзи баён ба инсонҳо гӯё огоҳӣ медиҳад, ки калима ва оятҳои Қуръон аз ҳарфҳои оддии ҳар рӯз истифодашавандаи мардум иборат аст. Лекин далели муъҷиза ва сухани Аллоҳ будани он ҳамин аст, ки ҳеҷ махлуқ, хоҳ инс, хоҳ малоик ва ё ҷин аз ин ҳарфҳо мисли Қуръон китобе ё ақаллан як ояти онро эҷод карда наметавонанд. Эзоҳи васеътари маънои ин гуна ҳарфҳо дар аввали сураи «Бақара» низ навишта шудааст. Қуръон ин як китоби азимушшаъни осмонӣ буда, ба сабаби нузули (фиристода шудани) он ҳамаи китобҳои осмонии пеш нозилшуда мансух (аз амал манъ) шудаанд.

Қуръон соҳиби фазилати бузург, муъҷиза ва асрорҳои ба худ хосаст.

Ё ҷоиз аст дар шарҳи ин оят бигӯем, қасам ба Қуръони маҷиду шариф, ки ай Муҳаммад, албатта, ту Расули Худо ҳастӣ ва баъс (зинда шудан баъд аз мурдан) ҳақ асту рост ва ту барои ба роҳи рост даъват намудани мардум омадаӣ, вале аксари мардум туро бовар надоранд. Балки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)