Тафсири Сураи Коф Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 21
وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٍ مَّعَهَا سَآٮِٕقٌ وَّشَهِيۡدٌ ٢١
Ва ҷаат куллу нафси-м маъаҳа саиқу-в ва шаҳӣд. 21.
21. Ва ҳар шахс дар ҳоле меояд, ки ҳамроҳи ӯ як ронанда ва як гувоҳидиҳандае ҳаст.
Дар он рӯзи пурдаҳшат инсонҳо, хоҳ нек бошанд ва хоҳ бад, ба маҳшаргоҳ (ҷои ҷамъшавии мардум дар рӯзи қиёмат) меоянд. Ба ҳамроҳии ҳар кадоми онҳо ду фаришта аст. Яке аз онҳо ӯро ба маҳшаргоҳ меронад ва дигаре дар даст номаи аъмоли ӯро дораду ба он шоҳидӣ медиҳад.
Ибни Аббос (разияллоҳу ъанҳума) мегӯяд: «Ронандаи ҳар инсон фаришта буда, аммо шоҳидидиҳанда худи нафси ҳар як инсон аст, ба мисли дасту по, чашму забон ва ғайра». Шояд ин ду фаришта ҳамон кироманкотибин бошанд, ки номаи аъмоли бандаро аз амалҳои неку бадаш китобат намудаанд ва имкон дорад дигар фариштагон низ бошанд. Худо донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «