Сураи Қоф Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 20

وَنُفِخَ فِى الصُّوۡرِ ‌ؕ ذٰلِكَ يَوۡمُ الۡوَعِيۡدِ ٢٠

Ва нуфиха фи-с-сур. Залика явму-л-ваъӣд. 20.

20. Ва дар сур дамида шавад, ин аст ваъдаи рӯзи азоб.

Ин фавтидану талхии ҷон кандан ва сакароти мавтро «қиёмати суғро» (қиёмати хурд) номида мешавад. Аммо «қиёмати кубро» ки онро «охират» низ мегӯянд, баъди. дамидани сури дувуми Исрофил (а) оғоз меёбад Яъне барои зинда кардани махлуқот дар сур дамида мешавад. Он чунон рӯзе аст, ки Ӯ таъоло барои кофирон азобро ваъда додааст. Албатта, он рӯзи пуртаҳлука омаданист, ки аз он анбиё (а) ва хотамуланбиё (с) мардумро хабар дода буданд. Ба ин хабар бовар намудан як рукни дини исломи ҳар як мусулмон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)