Тафсири Сураи Коф Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 32
هٰذَا مَا تُوۡعَدُوۡنَ لِكُلِّ اَوَّابٍ حَفِيۡظٍۚ ٣٢
Ҳаза ма туъадуна ли кулли аввабин ҳафӣз. 32.
32. (Гӯем:) «Ин аст он чӣ ваъда дода мешуд шуморо барои ҳар руҷӯъкунанда (ва нигоҳдорандаи ҳудудҳои муайяншуда).
Вақто ки аҳли Ҷаннат дар чунин масофа аз Ҷаннат қарор мегиранд, Аллоҳ таъоло ба онҳо хитоб карда, мужда мерасонад, ки ин аст он ваъдаи Ман барои ҳар бандаи ба даргоҳи Ман бозгаштаву тавбанамуда, ҳадду андозаи амалҳояшро мувофиқи амру меъёрҳои Ман нигоҳдошта ва мувофиқи нишондоди Ман амалнамуда.
Сифати шахсони муждаи илоҳӣ расидаро ояти зер эзоҳ медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «