Тафсири Сураи Коф Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 31
وَاُزۡلِفَتِ الۡجَـنَّةُ لِلۡمُتَّقِيۡنَ غَيۡرَ بَعِيۡدٍ ٣١
Ва узлифати-л-Ҷаннату лил муттақӣна ғайра баъӣд. 31.
31. Ва барои муттақиён Ҷаннатро наздик гардонида шавад, дур набошад.
Аз мазмуни ин оят башорати хубе барои парҳезгорону худотарсон маълум мегардад. Зеро дар он рӯзе, ки Ҷаҳаннам бо дидани гунаҳкорон ва мушрикону кофирон ба ғурриш медарояд, бар акси ҳол барои дилпур шудани муттақиён ваъдаи Аллоҳ таъоло ба ҳукми иҷро медарояд. Аз он ҷумла, барои онҳо Ҷаннати ваъдашуда наздик оварда мешавад. Зеро Худованд намехоҳад дар он рӯз бандагони парҳезгораш аз чизе малол бошанд. Бинобар ин, Ҷаннат дар чашмраси онҳо гузошта мешавад, равнақу зебогии онро ба чашм ба пуррагӣ мебинанд. Ин гуна муомила аз баландии қадру манзалати онҳо дар назди Парвардигорашон гувоҳӣ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «