Сураи Қоф Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 38

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِىۡ سِتَّةِ اَيَّامٍ‌ۖ وَّمَا مَسَّنَا مِنۡ لُّغُوۡبٍ ٣٨

Ва лақад халақна-с-самавати ва-л-арЗа ва ма байнаҳума фӣ ситтати аййами-в ва ма массана ми-л-луғуб. 38.

38. Ҳаройина, осмонҳо ва Заминро ва он чӣ дар миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ба Мо ҳеҷ мондагӣ нарасид.

Ин оят ба яҳудиёне, ки бе далел бар Аллоҳ таъоло туҳмат карда, мегӯянд: «Аллоҳ таъоло Замину осмонҳо ва он чӣ дар миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, ки рӯзи аввали он шанбе ва охираш ҷумъа буд. Чун монда шуд, болои Арш ба истироҳат пардохт» рад аст Ӯ таъоло ба ин оят онҳоро дурӯғгӯй сохта, мегӯяд, ки Мо осмонро бо ин бузургию паҳноияш ва Заминро бо ин қадар вусъату махлуқоти аҷоиби даронбуда дар муддати шаш рӯз ба осонӣ ва бе ҳеҷ монеъа офаридаем ва ба ҳангоми офариниши онҳо дар мо ҳеҷ як мондашавию хастагӣ эҳсос нагардид. Аммо миқдору дарозии он шаш рӯзро, ки дар оят зикр гардидааст, хоҳ рӯзҳои дунявӣ бошанду хоҳ рӯзҳои ухравӣ, Аллоҳ медонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)