Сураи Қоф Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 37

اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَذِكۡرٰى لِمَنۡ كَانَ لَهٗ قَلۡبٌ اَوۡ اَلۡقَى السَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيۡدٌ ٣٧

Инна фӣ залика ла зикро ли ман кана лаҳу қалбун ав алқа-с-самъа ва ҳува шаҳӣд. 37.

37. Албатта, дар он чӣ гузашт, барои касе, ки ӯро дили зинда ва бедор бошад (ё достони гузаштагонро мутаваҷҷеҳ шаваду гӯш биниҳад,) панде ҳаст.

Он чӣ дар боло баён гардид, барои бандаи соҳиби ақлу фаросати комил як панду мавъизаи хуб аст. Албатта, касе, ки ба шунидану панд гирифтан майлу рағбат дорад, кӯрдил нест. Дар синаи чунин шахс дили солим ҷой дорад ва ба панди Парвардигори худ мутаваҷҷеҳ шуда, гӯши дил фаро мениҳад. Шахсони кӯрдил на худ мефаҳманд ва на ба шунидани панди дигарон таваҷҷуҳ доранд. Гӯё дар синаи онҳо дил не, балки санг ҷойгир аст. Агар дили ҳақиқӣ медоштанд, аз шунидани чунин панду андарзҳо ба хулосае меомаданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)