Сураи Кофирун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кофирун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кофирун Ояти 3

وَلَاۤ اَنْتُمْ عٰبِدُوْنَ مَاۤ اَعْبُدُ ٣

Ва ла антум ъабидуна ма аъбуд. 3.

3. Ва на шумо мепарастед он Зотеро, ки ман мепарастам.

Яъне он Худои ҳаққро, ки ман мепарастам воҳиду бешарик аст. Ӯ Парвардигори оламиён аст. Шумо Худои маро намепарастед, балки буту санамҳои аз сангу чӯб сохтаи худро мепарастед. Байни ибодати Раҳмон ва бутон фарқи калон ҳаст.

Ба ривояте такрори оятҳо барои он аст, ки кофирон мақсад доштанд, ки Расулуллоҳ (с)-ро ба ибодати бутҳои худ ризо кунонанд, аммо Расулуллоҳ (с) пешниҳоди онҳоро рад намуда, қабул нафармуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Кофирун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кофирун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Кофирун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)