Тафсири Сураи Кориъа Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қориъа Ояти 11
نَارٌ حَامِيَةٌ ١١.
Норун ҳамияҳ. 11.
11. Оташест ниҳоят сӯзон.
Ояти 10-ум ба шакли ҷумлаи саволӣ омадааст, дар ҳоле, ки ҷавоби ин савол ба Аллоҳтаоло маълум аст. Ин ҷо мурод аз савол таъкиди бодаҳшат, боҳайбат ва хеле сахт будани аҳволи гунаҳкор дар “Ҳовияҳ” (Ҷаҳаннам) аст. Аллоҳтаъоло мепурсад, ки чист он Ҳовияҳ? Аз куҷо медонӣ? Албатта, банда ҷавоби онро намедонад. Фақат Худо худаш медонад ва бо каломи мубораки Худ ҷавоб мегӯяд, ки “Ҳовияҳ” оташи ниҳоят баландҳарорат аст. Бино бар маълумоти дар ҳадисҳо воридшуда, гармии оташи Ҷаҳаннам нисбат ба оташи дунё 70-маротиба зиёдтар аст.
Хонандаи азизу гиромӣ, мухлиси каломи Раббонӣ! Оид ба сифати Ҷаҳаннам ва тафсири ин оят ҳадисҳои бисёр ворид шудааст. Мо, Худо хоҳад, бо овардани як ривоят риштаи суханро дар мавзӯъи шарҳ ва тарҷумаи ин сураи муборак ба охир мерасонем.
Дар ривоят чунин омадааст: “Гар муъмине бимирад, рӯҳи ӯро назди арвоҳи мӯъминон мебаранд ва ба онҳо гуфта мешавад, ки ӯро наздатон ҷой диҳед. Арвоҳи пешина аз ин арвоҳи навомада мепурсанд, ки кори фалон одам чӣ шуд? Дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ пеш аз ман реҳлат карда буд, оё назди шумо наомадааст? Арвоҳи пешин мегӯянд: Набошад ӯро модараш “Ҳовияҳ” ба оғӯш кашидааст”.
Худовандо! Аз “Ҳовияҳ”. ба Ту паноҳ мебарем.
Поёни сураи “Қориъаҳ”. Ва лиллоҳил ҳамд!
Рӯйхати оятҳои Сураи Қориъа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «