Сураи Такосур – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Такосур – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Такосур 102-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 8-оят иборат аст.

Ин сура аз машғул шудани мардум ба дунёи фонӣ ва ҷамъ кардани матои ночизи он ва ниҳоят ҳарис будан дар дӯст доштани моли дунё ва дигар корҳои пасти он то расидани марг ва бурдани онҳо аз қасрҳояшон то ба гӯр сухан кардааст.

Инсон, ки холӣ аз хато нест, машғули дунёи фонӣ шуда, дунёи боқиро фаромӯш месозад. Бинобар ин, дар ин сура такрор омадани баъзе калимаҳо барои заҷру манъ ва огоҳ кунонидани онҳост. Аммо бинобар тақозои ин сура маълум мегардад, ки дар ҳар давру замон шахсоне ҳастанд, ба урфу одатҳои боқимондаи замони ҷоҳилият гирифторанд. Онҳо пойбанди нангу номуси ҳамсоягон, маъишати шоҳона, иҷрои ҳавасҳои дунёӣ, даромади зиёд, ҷамъи молу симу зар ва ғайра шуда, иҷрои амалҳои ғайришаръиро ба худ раво мебинанд.

Рафта-рафта, дигар онҳо молу касби ҳалолро аз ғайри ҳалол фарқ накарда, бо ҳилаҳои гуногун бо далелҳои шубҳанок ҳаққи сағир, ятим, фуқаро, мискинҳо ва ғайраро ба манфиати худ истифода мебаранд. Дар натиҷа мебинӣ, ки оҳиста-оҳиста дилҳои онҳо сиёҳ гашта, дар иҷрои амри илоҳӣ аз худ сустӣ нишон медиҳанд.

Ҳатто мешавад, ки баъзе аз инсонҳо сари худро ба саҷдаи илоҳӣ набурда, расман Холиқи худро гӯё фаромӯш месозанду молу сарвати дунёро чунон қиблаи ризои худ қарор медиҳанд, ки гӯё онҳо ҳаргиз намемурда бошанд.

Хатми ин сура дар хусуси чунин шахсони дунёпараст, ки дар боло зикри худро ёфт, сухан ронда, ба навъи азоби сахт гирифтор шудани онҳоро хабар медиҳад. Ин буд як нигоҳе ба мундариҷаи сураи “Такосур”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Такосур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қориъа Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Такосур Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)