Тафсири Сураи Курайш Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қурайш Ояти 2
اٖلٰفِهِمۡ رِحۡلَةَ الشِّتَآءِ وَالصَّيۡفِۚ ٢
Илафиҳим риҳлата-ш шитаи ва-с-сайф. 2.
2. Улфати онҳо (ин буд, ки) дар сафарҳои зимистона ва тобистона (дар амон буданд),
Худованд фармудааст, ки мо қурайшиёнро дар сафар кардан барои тиҷорат дар зимистон ба шаҳри Яман, ки мамлакати гарму сер аст ва дар тобистон ба шаҳри Шом, ки шодоб ва сарсабз аст, имтиёз додем. Онҳо дар ҳар диёре, ки мерафтанд, мардум ба онҳо бо дидаи эҳтиром менигаристанд. Онҳоро ҳамсоягони Ҳарам ва ходимони Байтуллоҳ медонистанд ва ба ҷону моли онҳо ҷабр намекарданд. Ҳама шунида буданд ва медонистанд, ки Худованд душмани қурайшиён (Абраҳа ва лашкари ӯ)-ро ба чӣ бало гирифтору несту нобуд сохт. Аз ин сабаб, дар дилҳои онҳо воҳима ҷой гирифта буд ва метарсиданд, ки ба ин қабила муомилаи нодуруст кунанд. Чун Худованд ба онҳо ин қадар неъматҳоро дод, акнун онҳо бояд чӣ кунанд? Оятҳои зер ба ин савол ҷавоб медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қурайш «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «