Тафсири Сураи Курайш Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қурайш Ояти 3
فَلۡيَـعۡبُدُوۡا رَبَّ هٰذَا الۡبَيۡتِۙ ٣
Фа-л яъбуду Рабба ҳаза-л-байт. 3.
3. Пас, бояд, ки Парвардигори ин хонаро ибодат кунанд.
Онҳо бояд шукри ин неъматҳоро намоянду ба ибодати Худои ягона пардозанд. Хулоса, Худованд дар оятҳои 1 ва 2 неъматҳои Худро зикр намуда, дар ояти 3 фармуд, ки Худованди ин хонаро (Каъбаро) итоат кунед. Парвардигор шуморо (яъне қурайшиёнро) ба туфайли Каъба неъматҳои бузург дод. Чаро ба Ӯ таъоло ибодат намекунед? Чаро Пайғамбари маҳбуби Вайро таъна мезанеду чаро гуфтаҳои Пайғамбар (с)-ро дурӯғ мепиндоред? Чаро бутҳои аз сангу чӯб сохтаи худро парастиш мекунед? Бояд донед, ки ҳамаи ин амалҳои шумо ба ҷуз куфрони неъмат чизи дигаре нест.
Агар Худованди ҷалилу азимро барои чунин неъ-матҳояш шукргузор набошед ва бо дилу ҷон ибодати Ӯро иҷро накунед, оқибат ба азоби сахти илоҳӣ гирифтор мешавед. Ҳол он ки Ӯ таъоло:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қурайш «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «