Сураи Луқмон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 16

يٰبُنَىَّ اِنَّهَاۤ اِنۡ تَكُ مِثۡقَالَ حَبَّةٍ مِّنۡ خَرۡدَلٍ فَتَكُنۡ فِىۡ صَخۡرَةٍ اَوۡ فِى السَّمٰوٰتِ اَوۡ فِى الۡاَرۡضِ يَاۡتِ بِهَا اللّٰهُ ‌ؕ اِنَّ اللّٰهَ لَطِيۡفٌ خَبِيۡرٌ ١٦

Йа бунайя иннаҳа ин таку мисқола ҳаббати-м мин хардалин фа такун фӣ сахратин ав фи-с-самавати ав фи-л-арЗи яъти биҳаллаҳ. Инналлоҳа Латӣфун Хабӣр. 16.

16. Луқмон гуфт: «Эй писараки ман! Ҳаройина, агар ҳамвазни донаи хардал (он амал) хуфя бошад, пас дар миёни санг ё дар осмонҳо ё дар Замин бошад, ба ҳар ҳол онро Худо ҳозир кунад. Ҳаройина, Худованд борикбину хабардор аст.

Атрофи масъалаи тавҳид ва мубориза бо ширк Луқмони ҳаким ба писари худ дар дарси аввал таълим дод. Ҳоло дар дарси дувум масъалаи баҳисобгирии амалҳоро, ки он то кадом дараҷа аниқу нозукаст, бо писари худ фаҳмонид ва гуфт, ки ай писарам, агар амали баду неки ту миқдори донаи арзан вазн дошта бошанд, бигзор он дар даруни санг ё таги он, ё дар як гӯшаи аз гӯшаҳои осмон, ё даруни Замин дар гӯшае дафн бошад, он бе эътибор намемонад. Албатта, Худованд онро дар рӯзи Қиёмат ҳозир мекунад ва ба ҳисоби он мерасад. Зеро Худованд зотест, ки бисёр нозукбину аз ҳама амалҳои, хурду калон хабардор аст. Оре! Дар ҳолати анҷом додани амал банда бояд ғофил набошад, зеро Худованд аз ҳама корҳое, ки ӯ мекунад, бохабар аст ва ҳамаи онҳоро ҳисоб мегирад. Инсон фаромӯш карда бошад ҳам, дар зоти Худованд сифати фаромушхотирӣ нест. Бояд инсон ба ин сифати Худованд имон дошта бошад ва мувофиқ ба он амал намояд. Баъдан, Луқмони ҳаким боз барои писари худ ба насиҳати дигаре шуруъ кард, ки барои ҳар як мусалмон лозим аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)