Сураи Луқмон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 15

وَاِنۡ جَاهَدٰكَ عَلٰٓى اَنۡ تُشۡرِكَ بِىۡ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهٖ عِلۡمٌ ۙ فَلَا تُطِعۡهُمَا‌ وَصَاحِبۡهُمَا فِى الدُّنۡيَا مَعۡرُوۡفًا‌ۖ وَّاتَّبِعۡ سَبِيۡلَ مَنۡ اَنَابَ اِلَىَّ ‌ۚ ثُمَّ اِلَىَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَاُنَبِّئُكُمۡ بِمَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ١٥

Ва ин ҷаҳадака ъала ан тушрика бӣ ма лайса лака биҳӣ ъилмун фа ла тутиъҳума ва саҳибҳума фи-д-дунйа маъруфа. Ва-т-табиъ сабӣла ман анаба илайй. Сумма илайя марҷиъукум фа унаббиукум би ма кунтум таъмалун. 15.

15. Ва агар бо ту бар он кӯшиш кунанд, ки бо Ман чизеро шарик муқаррар кунӣ, ки туро ба он дониш нест, пас, фармонбардории онҳо макун ва бо онҳо дар маъишати дунё ба ваҷҳи писандида суҳбат дор ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман руҷӯъ дорад, боз ба сӯйи Ман аст руҷӯъи шумо, пас, шуморо ба он чӣ мекардед, хабар медиҳам!».

Хизмати падару модар корест назди шаръ писандида ва амалест шоиста, локин набояд робитае, ки инсон ба падару модар дорад, бар робитае, ки инсон бо Парвардигор дорад, муқаддам бошад. Зеро Худованд дар ин оят фармудааст, ки агар падару модари ту бо тавону талоши худ кӯшиш кунанд, ки чизеро бо Худованд шарик Қарор бидеҳ, онҳоро дар ин боб итоъат макун! Оре! Вазифаи фарзандон он аст, ки дар боби ақида истиқлоли фикрии худро ҳифзу ҳимоя кунанд ва ақидаи тавҳидии худро бо сабаби фишори падару модар ё дигар Қувва ба ҳеҷ чиз иваз накунанд. Ин маънои онро надорад, ки бо чунин падару модари мушрик ё кофир бе ҳурматӣ ба харҷ дода шавад. На! Балки дар ин дунё дар айни ҳол вазифаи фарзанд он аст, ки бо онҳо бо тарзи шоиста рафтор кунад ва дар муносибат бо онҳо одобу ахлоқи некро риоя намояд.

Хулоса, ҳаққи падару модар дар зиммаи фарзанд бисёр аст, ҳарчӣ Қадар падару модарро ҳурмату иззат карда шавад ҳам, кам аст. Локин ҳаққи Парвардигор ё ҳаққи Пайғамбар (с), чуноне ки гузашт, аз ҳаққи падару модар болотар аст. Дар сурате ки падару модар хоҳанд, ки фарзанди худро ба роҳи ботили худ дароранду ба ӯ фишор оранд, фарзанд чӣ кор кунад? Давоми оят посухи ин саволи эҳтимолист.

Худованд гуфтааст, ки дар чунин ҳол бояд фарзанд тобеъу пайрави мардони солеҳ шавад, ки бо тавбаву ихлос ба сӯйи Парвардигор бозгаштаанд, на тобеъи роҳи ботили падару модари мушрик.

Худованд дар давоми оят гуфтааст, ки рӯзи Қиёмат албатта, бозгашти шумо ба сӯйи Ман аст. Аз он чи дар дунё амал кардаед, Ман шуморо огоҳ месозам ва мувофиқ ба он подош мегиред. Агар шукронаи Аллоҳ ва падару модари худро накарда бошед, ҷазо хоҳам дод. Ба ҳар ҳол ояти мазкур монанди ояти 8-уми сураи «Анкабут» аст, (барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба эзоҳи он муроҷиъат кунанд).

Дар оятҳои зер боз мегардем ба мавзуи насиҳатҳои Луқмони ҳаким барои писараш.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)