Сураи Луқмон Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 19

وَاقۡصِدۡ فِىۡ مَشۡيِكَ وَاغۡضُضۡ مِنۡ صَوۡتِكَ‌ؕ اِنَّ اَنۡكَرَ الۡاَصۡوَاتِ لَصَوۡتُ الۡحَمِيۡرِ ١٩

Вақсид фӣ машйика вағЗуЗ мин савтик. Инна анкара-л-асвати ла савту-л-ҳамӣр. 19.

19. Ва дар рафтори худ миёнаравӣ кун ва овози худро фуруд ор, (оҳиста сухан кун) ҳаройина, бадтарин овозҳо овози харон бошад».

Дар давоми насиҳатҳои худ Луқмони ҳаким ба писараш гуфт, ки писарам, аз роҳ рафтани шитобону кибромез ё сусте, ки аз ҳад берун бошад, парҳез намуда, эътидолро пеш гир! Ҳамчунин овози худро дар ҳолати сухан гуфтан баланд накун, зеро овози баланд Қадре надорад. Агар овози баланд Қадр медошт, мардум овози харонро писанд мекард. Ҳол он ки бадтарин овоз назди мардум овози харон аст.

Бо ҳамин даҳ панд, насиҳатҳои Луқмони ҳаким барои писари худ дар ин сура ба поён расид. Дар оятҳои баъдӣ Аллоҳ таъоло ба махлуқоти худ, аз он ҷумла барои инсон чи гуна неъматҳо ато карданашро зикр карда, онҳоро бо шукр гуфтан даъват мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)