Тафсири Сураи Лукмон Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 24
نُمَتّـِعُهُمۡ قَلِيۡلًا ثُمَّ نَضۡطَرُّهُمۡ اِلٰى عَذَابٍ غَلِيۡظٍ ٢٤
Нуматтиъуҳум Қалӣлан сумма наЗтарруҳум ила ъазабин ғалӣз. 24.
24. Онҳоро андаке баҳраманд месозем, боз онҳоро ба сӯи азоби сахт ба бечорагӣ биронем.
Касоне, ки ба «Урватул вусқо» (ресмони боваринок)-и Парвардигор чанг намезананд, онҳо ё кофир ва ё мушриканд. Онҳо маъишати ҳамин дунёро хоста, аксаран «охират чист?» намедонанд. Агар ба онҳо фаҳмонда шавад ҳам, бовар намекунанд. Аз ин рӯ, Худованд гуфтааст, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархудор мекунем, то аз онҳо баҳраманд шаванд. Локин ин баҳрамандӣ ҳарчанд бисёр бошад ҳам, дар баробари неъматҳои ҳамешагии Ҷаннати Худованд, ки онҳо заволпазир нестанд, андак аст. Зеро неъматҳои дунё бо неъматҳои охират Қобили Қиёс нестанд. Дар охири оят Худованд натиҷаи кори дунёпарастонро гуфтааст, ки касоне, ки ба ресмони маҳками Худованд чанг назаданд, рӯзи Қиёмат онҳоро дар ҳолати бечорагӣ ба ворид шудани азоби сахти Ҷаҳаннам маҷбур месозем. Онҳо ногузир дохили он мешаванд. Зеро дар он асно тамоми вуҷудашон, тамоми ихтиёри куллӣ ва ҷузъияшон аз дасташон рафта, дар ихтиёри Худованданд. Аммо шахсоне, ки бо «Урватул вусқо» (ресмони боваринок) имону амалҳои солеҳу эҳсон чанг зада, то охир маҳкам доштаанд ва дар дунё поку накукор зиндагӣ кардаанд, дар охират бар акси шахсоне, ки зикрашон гузашт, дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ Қарор мегиранд ва чунон бо неъмат мешаванд, ки асло дар гӯшаи хаёлашонҳам набошад. Валлоҳу аълам.
Дар асное, ки ин гуна оятҳои Қуръонӣ нозил мешуданд, чуноне ки ояти зер ишора дорад, баъзе аз шахсони кофиру мушрик агарчи дар куфру нифоқ фурӯ рафта буданд, локин баъзе масъалаҳоро бо инсоф ҷавоб медоданд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «