Тафсири Сураи Лукмон Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 23
وَمَنۡ كَفَرَ فَلَا يَحۡزُنۡكَ كُفۡرُهٗ ؕ اِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ فَنُنَبِّئُهُمۡ بِمَا عَمِلُوۡا ؕ اِنَّ اللّٰهَ عَلِيۡمٌۢ بِذَاتِ الصُّدُوۡرِ ٢٣
Ва ман кафара фа ла яҳзунка куфруҳ. Илайна марҷиъуҳум фа нунаббиуҳум би ма ъамилу. Инналлоҳа Ъалӣмун бизати-с-судур. 23.
23. Ҳар касе кофир шуд, пас, куфри вай туро андӯҳгин накунад. Ба сӯи Мост руҷӯъи онҳо, пас, онҳоро ба он чӣ мекарданд, хабардор кунем.
Ҳаройина, Худованд бо он чӣ дар дил мегузарад, доност.
Худованд дар ин оят ҳабиби Худ-Муҳаммад (с)-ро тасалӣ дода, дар бораи ҳоли гурӯҳи дувум бо хитоб чунин гуфтааст, ки эй ҳабиби Ман (с), касе, ки ин ҳақиқати равшанро инкор кунад, аз роҳи Ислому аз роҳи нишондодаи ту бероҳа шуда кофир шавад, ту ғамгин машав! Зеро кофир шудани вай ба ту зиёне намерасонад. Чаро ки ту вазифаи худро бо хубӣ анҷом додаӣ. Аммо онҳо бар худ зулму ситам кардаанд. Дар охир, албатта, бозгашти чунин шахсон ба сӯйи Мост. Онҳоро аз ҳар кори баду нангине, ки кардаанд, огаҳашон мекунем ва дар баробари амалҳои бадашон онҳоро ҷазо хоҳем дод. Зеро Худованди ту ба он чи ки золимон дар синаҳои худ мепарваранд, ё анҷом медиҳанд, доност ва мувофиқ ба он макру ҳилае, ки алайҳи дини Ислом меандешиданд, ҷазое муқарар кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «