Сураи Луқмон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 30

ذٰلِكَ بِاَنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡحَقُّ وَاَنَّ مَا يَدۡعُوۡنَ مِنۡ دُوۡنِهِ الۡبَاطِلُ ۙ وَاَنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡعَلِىُّ الۡكَبِيۡرُ ٣٠

Залика би анналлоҳа Ҳува-л-ҳаққу ва анна ма ядъуна мин дуниҳи-л-батилу ва анналлоҳа Ҳува-л-Ъалийю-л Кабӣр. 30.

30. Ин корҳо ба сабаби он аст, ки Худо ҳамоно Худои барҳақ аст ва ба сабаби он аст, ки он чӣ мепарастед ба ҷуз Вай, бе асл аст ва ба сабаби он аст, ки Худо баландмартабаву бузургқадр аст.

Даҳ сифати умдаи Парвардигор, ки зикри онҳо дар ин шаш оят, аз ояти 25 то 30-ум (ғани, ҳамид, азиз, ҳаким, самеъ, басир, хабир, ҳаққ, алӣ, кабир) гузашт, аз аҷоиботи санъат ва аз илми беинтиҳои Парвардигор хабар доданд. Дар охири он шаш оят ба таври мисол натиҷагирӣ шуд, ки духули шаб дар рӯз ва рӯз дар шаб, хизмати беминнати Офтобу Моҳтоб ва доимо дар самти муъаяншудаи худ дар ҳаракат будани онҳо ва аз амалҳои бандагон, ки Худованд ҳамеша бохабар аст, ин ҳама нишонаҳоеанд, ки аз Қудрат ва илми бепоёни Аллоҳ таъоло дарак медиҳанд. Ҳоло Худованд дар ояти мазкур гуфтааст, ки он чи зикр шуд, барои он аст, ки мардум бо яқин боварӣ ҳосил кунанд, ки Худованд Илоҳи барҳаққасту холиқу тадбиркунандаи ҳамаи онҳост. Ончунон Илоҳест, ки бо танҳогияш сазовори ибодат аст. Ҳар чизе, ки ғайри Ӯст (хоҳ бут бошад, ё санг, ё фаришта, ё инсон, ё Офтоб, ё Маҳтоб), илоҳи ҳақиқӣ нест, тахсиси ибодат барои ҳар кадоми онҳо ботил аст ва ҳеҷ аҷру савобе надорад. Зеро ҳамаи онҳо махлуқанд, ҳеҷ кадоми аз онҳо кудрате надорад, ки зарраеро биофарад ва ё онро дар ҳаракат дарорад. Худованд Зотест, баландмартаба ва дар Парвардигории Худ бисёр бузург!


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)