Сураи Луқмон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 29

اَلَمۡ تَرَ اَنَّ اللّٰهَ يُوۡلِجُ الَّيۡلَ فِى النَّهَارِ وَيُوۡلِجُ النَّهَارَ فِى الَّيۡلِ وَسَخَّرَ الشَّمۡسَ وَالۡقَمَرَ كُلٌّ يَّجۡرِىۡۤ اِلٰٓى اَجَلٍ مُّسَمًّى وَّاَنَّ اللّٰهَ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ خَبِيۡرٌ ٢٩

Алам тара анналлоҳа йулиҷу-л-лайла фи-н-наҳари ва йулиҷу-н-наҳара фи-л-лайли ва саххара-ш-шамса ва-л-Қамара куллу-й яҷри ила аҷали-м мусамма-в ва анналлоҳа би ма таъмалуна хабӣр. 29.

29. Оё надидаӣ, ки Худо дармеорад шабро дар рӯз ва дармеорад рӯзро дар шаб ва ром гардонид Хуршед ва Моҳро, ҳар яке то муддати муъайян меравад ва оё надидӣ, ки Худо ба он чӣ мекунед, хабардор аст?

Барои баёни Қудрати беинтиҳои Худ ҳамчу таъкид Худованд ба Расули Худ (с) гуфтааст, ки эй мухотаб, оё надидӣ ба дурустие, ки Худованд шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мекунад? Яъне дар тӯли сол, бе он ки эҳсос шавад, бо тадриҷ шаб дар рӯз ва рӯз дар шаб дохил мешаваду яке мекоҳад ва дигаре меафзояд. Магар дар ду нуқтаи рӯйи Замин ин Қонун ҳукмфармо шуда наметавонад: яке дар Қутби шимол ва дигаре дар Қутби ҷануб, ки дар тӯли сол, дар онҳо шаш моҳ шаб ва шаш моҳ рӯз аст. Дувум дар хати дақиқи истиво (экватор), ки дар тамоми сол шабу рӯз яксон баробар аст. Дар давоми оят омадааст, ки эй мухатаб, оё надидаӣ, ки Худованд Моҳу Хуршедро таҳти фармону ҳукми худ чунон рому мусаххар гардонидааст, ки то муддати муъайян онҳо бо фармони Вай тулӯъ ва ғурӯб мекунанду ҳар кадом дар хати сайри (мадори) худ равуо мекунанд.

Дар шарҳи ояти 12-уми сураи «Куввират» муфассирони гиромӣ чунин гуфтаанд, ки сайругашти Моҳу Хуршед то абад нест, балки ҳаракати онҳо то поён ёфтани дунёст. Хулоса, Зоте, ки тавонистааст ҳазорҳо ва миллионҳо сол бо ҳисоби дақиқ Моҳу Хуршедро ба ҳаракат андохта, бо низоми махсус шабу рӯзро вориди якдигар сохта кӯтоҳу дароз мекунад, аз амалҳои инсонҳо бе хабар аст? Ҳаргиз! Ӯ таъоло Зотест, ки албатта, ҳама амалҳои моро медонад ва аз ҳама ниятҳои мо ва андешаҳои мо бохабар аст. Барои маълумоти бештар ба ояти 2-юми сураи «Раъд» ва ояти 39-уми сураи «Иброҳим» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)