Марди сепояе, ки ду дил дошт

0

Соли 1844 дар Олмон Ҷорҷ Липперт – одами машҳури сепоя таваллуд шуд. Вай дар сирки қаллоби амрикоӣ Финеас Тейлор Барнум кор мекард, ки дар он бисёр одамони ғайриодиро намоиш медоданд.

Танҳо соли 1906, вақте Ҷорҷ Липперти сепоя вафот кард, чоксозии ҷасадаш нишон дод, ки дар қафаси синааш ду дил будааст. Аҷиб, на худаш ва на атрофиён аз ин хабар надоштанд.

Соли 1905 дуредгари 35 – солаи амрикоӣ Дурр дар рӯзномаҳо эълон чоп кард, ки ҳар касе пули калон диҳад, ҷасадаш бо ду дилро ба ҳамон васият мекунад. Ӯро духтурҳо муоина карда, ба хулосаи яқин омаданд, ки Дурр дар ҳақиқат ду дил дорад, зимни ин комилан солим аст.

Гурӯҳи духтурҳо ба ӯ 10 ҳазор доллар пешниҳод намуд, ки дар зинда буданаш як дилашро ҷарроҳӣ карда гиранд. Аммо дуредгар аз тарси оқибати ногувори ҷарроҳӣ розӣ нашуд.

Мақолаи қаблӣТарзи шинохтани АСАЛИ ТОЗА
Мақолаи баъдӣЗиёд кардани шахвати мард