Маълумот дар бораи Манораи Эйфел ва шахсияти Эйфел дар ин мақола бо забони точики >>

Александр Густав Эйфел муҳандиси фаронсавӣ (1832-1923) буд. Вай лоиҳаи манораеро, ки имрӯз майдони марказии шаҳри Парижро оро медиҳад, кашидааст ва он ба номи ӯ гузошта шудааст.
Манораи Эйфел, ки баландиаш 300 м. аст, аз деталҳои обутобёфтаи оҳан, ки бо парчинмех насб карда шудаанд, сохта шудааст.
Сохтмони манора соли 1886 оғоз гардид ва дар рӯзи кушодашавии намоишгоҳи байналхалқӣ соли 1889 ба истифода дода шуд. Дар аввал меъморони вақт ҳам лоиҳа ва ҳам деталҳои манораро зери танқид қарор доданд, вале баъдтар, вақте қимати бадеии он собит гашт, онро эътироф карданд.
Манораи Эйфел имрӯз яке аз мӯъҷизаҳои таърихии ҷаҳон ба шумор меравад.


