Риш мӯйҳои қисми поёни рӯйи мард аст, ки ҳангоми ба балоғат расидани писарбача сабзида, оҳиста-оҳиста инкишоф меёбад. Риш чун ороишоти мардона ба ҳисоб меравад. Дар замонҳои гуногун муносибат бо риш мухталиф буд. Масалан дар Мисри Қадим доштани риш хоси кормандони баландпояи давлатӣ буд ва мардуми одӣ иҷозаи ришдориро соҳиб набуданд. Ҳарчанд аксари занҳо ришро барои мард муҳим намеҳисобанд, вале бештари мардон онро нишонаи марди ҳақиқӣ медонанд. Сабзидани риш дар ҳама мардон ҳамсон нест. Мардоне ҳам вуҷуд доранд, ки новобаста аз калонсол будан сабзидани риш дар онҳо мушоҳида намешавад ва ё ба таври дилхоҳ нест. Дар ин матлаб кӯшиш намудем, ки барои ин гуна шахсон роҳҳои бештар кардани сабзиши ришро бозгӯ кунем.

Қабл аз он ки барои бештар кардани сабзиши риш талош мекунед, бояд сабабҳои насабзидани онро донед.
1. Ирсият. Яке аз сабабҳои аслии надоштани риш ин ирсият ҳисобида мешавад. Агар падару падаркалони шумо риш надоранд, пас талошҳои шумо дар ин роҳ дар аксар ҳолат самаре нахоҳад овард.
2. Сину сол. 14-16-солагӣ давраи оғози сабзиши риш ба шумор меравад. Вале ин раванд дар баъзе инсонҳо дер шуруъ мешавад. Барои шахсони 25-солаи ин мушкилро доро тавсия медиҳем, ки ба духтур муроҷиат кунанд.
3. Бемориҳо. Бемориҳои пуст ва пайдо шудани захмҳо дар рӯй сабаби ба пуррагӣ нест шудани риш мешаванд.
4. Кифоя набудани витаминҳое ки барои инкишофи мӯй ва мустаҳкам нигоҳ доштани он мусоидат мекунанд. Витамини В аз ҷумлаи ин витаминҳост, ки дар таркиби гӯшт, моҳӣ ва тухм зиёд аст. Инчунин истеъмоли ками меваву сабзавот низ ба насабзидани риш боис мешавад.
5. Сигоркашӣ, арақнӯшӣ ва нашъамандӣ ҳам ба қатори омилҳое дохил мешаванд, ки кори муътадили организмро халалдор намуда, дар ин раванд ҳам таъсир мерасонанд.
6. Халалдоршавии тавлиди ҳормонҳои ҷинсӣ. Ба ин далел ки риш яке аз нишонаҳои ҷинси мард аст, халал ёфтани тавлиди ҳормонҳои ҷинсӣ дар мардон ба насабзидани он боис мешавад. Айнан бо ҳамин сабаб дар занҳо пайдо шудани мӯйлаб (ва ҳатто риш) дида мешавад.
Чӣ бояд кард, ки риш бисабзад?
Ба назари мутахассисон истеъмоли дурусти ғизо, аз ҷумла витамини В, пайваста ба варзиш машғул шудан ва тарк кардани одатҳои бад (монанди сигоркашӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ) дар раванди сабзиши риш кумак мерасонанд. Тағйирот дар муддати 2-3 ҳафта бояд аён гардад. Доруҳои вобаста ба ин ҳам вуҷуд дорад (масалан, Миноксидил), вале бе машварат бо мутахассис истифодаи он метавонад, хатарнок бошад.
Чӣ гунае ки маълум шуд, насабзидани риш сабабҳои зиёд дорад. Сабаби дақиқи онро духтур ташхису муайян месозад.
Агар шумо мутахассисед ва ё дар ин бора маълумоти бештар доред, лутфан, нависед, то дигарон омӯзанд.
Дар таҳияи мавод аз сарчашмаҳои зер истифода шуд:
1. wikipedia.org
2. muehle-shaving.ru
3. bowandtie.ru
Дар бораи риш, барои риш баровардан, дору барои риш баровардан, риш баровардан,



рохи бештари ин кор хаст аммо касе намедонад