Тафсири Сураи Марям Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 26
فَكُلِي وَاشْرَبِي وَقَرِّي عَيْنًا ۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ الْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِي إِنِّي نَذَرْتُ لِلرَّحْمَٰنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنْسِيًّا ٢٦
Фа кулӣ вашрабӣ ва қаррӣ ъайна. Фа имма тарайинна мина-л-башари аҳадан фа қули иннӣ назарту ли-р Раҳмани савман фа лан укаллима-л-явма инсиййа. 26.
26. Пас, бихӯру биёшом ва осудачашм шав, пас, агар бубинӣ аз одамӣ касеро, пас, бигӯ: «Ҳаройина, барои Худо рӯзаро назр кардам, пас, имрӯз бо ҳеҷ одамӣ сухан нахоҳам гуфт».
Бори дигар Марям (а) нидо мешунавад, ки эй Марям (а), чаро бо ғаму андӯҳ худро машаққат медиҳӣ? Мана аз ғизо (хурмо)-и лазиз (ширин)-и нерӯбахш бихӯр ва аз он оби гуворо бинӯш, аз ёфтани чунин фарзанд ғамгин мабош, балки чашми худро равшан куну хурсанд бош. Ғаму андӯҳро аз худ дур кун. Агар касе пурсад, ин тифлро аз куҷо овардӣ, оромона бо ишораи фаҳмо бигӯ, ки ман имрӯз барои Худои Раҳмон, рӯза (сукут)-ро назр кардаам. Ҳоло бо ҳеҷ кас сухан гуфта наметавонам. Хулоса, аз мазмуни ин нидоҳои пайи ҳам Марям (а) фаҳмид, зоте, ки бо роҳи ғайри оддӣ овардани тифлро ирода кардааст, ӯро дифоъ мекунад аз ин сабаб дилаш андак шод шуд ва ором гашт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «