Тафсири Сураи Марям Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 66
وَيَقُولُ الْإِنْسَانُ أَإِذَا مَا مِتُّ لَسَوْفَ أُخْرَجُ حَيًّا ٦٦
Ва яқулу-л-инсану а-иза ма митту ла савфа ухраҷу ҳаййа. 66.
66. Одами (кофир) мегӯяд: «Оё чун бимирем, зинда берун оварда хоҳем шуд?!».
Сабаби нозил шудани ояти мазкурро муфассирон аз Ибни Аббос (р) ривоят кардаанд, ки ин оят дар шаъни Валид Ибни Муғира ва ёронаш нозил шудааст, ки ӯ ва Убай ибни Халаф рӯзе чанд устухони пӯсидаи инсонеро оварданд бо дастҳои худ онро молиданду реза-реза карданд. Чун хокистари онро ба шамол бод доданд ва он пароканда шуд. Сипас гуфтанд: «Бинигаред, оё бимирем бори дигар, Худованд устухонҳои моро аз нав барқарор мекунад?». Ҳамоно, ояти 66 то 70-уми ин сура нозил шуд. Дар оғоз хабаре аз онҳо дода, Худованд гуфт, ки инсон (шахси кофир) мегӯяд, ки бимирем, пас аз мурдан оё дар оянда аз қабр зинда берун хоҳем шуд?
Хулоса, шахсоне, ки кофиранд, сифатҳо ва қудратҳои Худовандро намешиносанд, ба зинда шудан бори дигар бовар надоранд. Агар шунаванд ҳам таъаҷҷуб макунанд. Барои маълумоти бештар ба оёти 77-78-79-уми сураи «Ёсин» муроҷиъат шавад. Ба чунин инсони нобовар ояти зер чунин посух медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «