Сураи Марям Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 65

رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَاعْبُدْهُ وَاصْطَبِرْ لِعِبَادَتِهِ ۚ هَلْ تَعْلَمُ لَهُ سَمِيًّا ٦٥

Раббу-с-самавати ва-л-арЗи ва ма байнаҳума фаъбудҳу вастабир ли ъибадатиҳ. Ҳал таъламу лаҳу самиййа. 65.

65. Ӯст Парвардигори осмонҳо ва Замин ва он чӣ миёни онҳост, пас, ибодати Ӯро кун ва дар ибодати Вай босабр бош. Оё барои Вай ҳамноме (монанде) медонӣ?

Ояти мазкур давоми оятҳои қаблӣ буда, Худованд фармудааст, ки ҳар чизе содир шавад, ба фармони Ӯст. Ӯ таъоло Павардигори осмонҳо ва Замин аст. Ҳар он чи, ки байни онҳост, азони Ӯст. Танҳо Ӯро холисона парастиш кун. Роҳи бандагӣ мушкил асту сахтиҳои фаровоне дорад, дар роҳи ибодати Ӯ босабр бош! Оё мислу монанд ва ҳамном барои Худованд пайдо карда метавонӣ? Наметавонӣ! Оё ғайри Худо касе холиқ, розиқ, зиндакунанда, миронанда, олиму ба ҳама кор қодир ҳаст? Албатта, барои Ӯ таъоло на дар зот ва на сифат ҳамто ва монанд нест, то ниёиши бандаро шунаваду ҳоҷаташро барорад.

Хулоса, барои панду насиҳат мухтасаран, қиссаи якчанд Пайғамбарон дар ин сура зикр шуд. Ғояи асосии он қиссаҳо, исботи ҳақ будани рӯзи қиёмат буд. Оятҳои зер алайҳи кофироне, ки рӯзи қиёматро мункиранд, сухан мегӯянд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)