Тафсири Сураи Марям Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 68
فَوَرَبِّكَ لَنَحْشُرَنَّهُمْ وَالشَّيَاطِينَ ثُمَّ لَنُحْضِرَنَّهُمْ حَوْلَ جَهَنَّمَ جِثِيًّا ٦٨
Фа ва Раббика ла наҳшураннаҳум ва-ш-шайатӣна сумма ла нуҳЗираннаҳум ҳавла Ҷаҳаннама ҷисиййа. 68.
68. Пас, қасам ба Парвардигори ту, ки албатта ин мункирони баъсро бо шайтонҳо барангезем, сипас, ҳамаи онҳоро атрофи Дӯзах ба зону дарафтода ҳозир кунем.
Касоне, ки зиндагардонидани баъди мирониданро бовар намекунанд, бо ин корашон на дар дунё доимо боқӣ мемонанд ва на дар охират некбахт мешаванд. Худованд дар ояти мазкур ба Пайғамбари Худ (с) хитоб ва бо қасам сухани худро таъкид намуда гуфтааст, ки ба Парвардигори ту қасам, ки мункирони баъс (зинда гардонидан баъд аз миронидан)-ро ҳамроҳ бо шайтонҳое, ки онҳоро гумроҳ сохтаанд, якҷоя аз нав зинда гардонида дар майдони маҳшар ҷамъ меоварем. Сипас, онҳо аз фарти тарсу ҳавли қиёмату ҳисобу китоби он атрофи Ҷаҳаннам ба зону меафтанд. Сипас:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «