Сураи Марям Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 69

ثُمَّ لَنَنْزِعَنَّ مِنْ كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمْ أَشَدُّ عَلَى الرَّحْمَٰنِ عِتِيًّا ٦٩

Сумма лананзиъанна мин кулли шӣъатин айюҳум ашадду ъала-р-Раҳмани ъитиййа. 69.

69. Сипас, аз онҳо аз ҳар уммат онро берун баркашем, ки аз рӯи нофармонӣ бар (Худои) Раҳмон ҷуръаткунандатар аст.

Вақто ки мункирони баъс ҳамроҳи шайтонҳои фиребдиҳандаашон дар занҷирҳо банд намуда зонузанонда атрофи Ҷаҳаннам ҳозир карда мешаванд, якҷоя ба Ҷаҳаннам партоб намешаванд. Балки аввалан касоне аз ҳар гурӯҳ ба Дӯзах андохта мешавад, ки назди Парвардигори Раҳмон нисбат ба дигарон, дар содир кардани гуноҳ ҷуръатноктар буданд. Яъне аввалан гунаҳгорони калонро ва сипас аз онҳо поёнтар ва бо ҳамин тартиб, то охир ҳамаи онҳо вориди Ҷаҳаннам карда мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)