Тафсири Сураи Марям Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 76
وَيَزِيدُ اللَّهُ الَّذِينَ اهْتَدَوْا هُدًى ۗ وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ مَرَدًّا ٧٦
Ва язӣдуллоҳу-л лазӣнаҳтадав ҳуда. Ва-л-бақийату-с-салиҳату хайрун ъинда Раббика саваба-в ва хайру-м марадда. 76.
76. Ва Худо ба роҳёфтагон ҳидоятро зиёда медиҳад ва ҳасаноти пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯйи подош накӯтар ва аз ҷиҳати бозгашт беҳтар аст.
Дар ояти қаблӣ оқибату сарнавишти ситамгароне, ки ба зарқу барқи дунё ва лаззату шаҳватҳои он фирефтаву ғӯтавар буданд, гузашт. Дар ин оят омадааст, ки Худованд ҳидояти касоне, ки дар роҳи ҳидоят қадам бардоштанд, меафзояд. Агарчи онҳо фақиранд, дунё ба коми онҳо намечархад, сабр мекунанд. Зеро дар дунё камбағалу нобаробар зистан маънои онро надорад, ки чунин шахсон назди Худованд иззату эҳтиром надоранд. На! Балки барои муъмине, ки сабр дорад, ин дараҷаи хуб аст. Зеро анҷоми амалҳои солеҳаи онҳо, чи намоз аст, чи закот, чи зикрасту чи тасбеҳу таҳлилу тиловати Қуръон ва ғайра захираи охирати онҳост. Ингуна захира барои шахсе, ки мефаҳмад, аз он лаззатҳои дунёӣ, ки аҳли дунё ба онҳо фахр мекунанд, борҳо беҳтар аст. Зеро дунё бо ҳама чизе, ки дорад, нопойдору фаношавандаасту гузаранда аст. Бо сарвати дунё такя кардан ва онҳоро василаи фахр қарор додан ва чун мушрикон худро аз тобеъони Муҳаммад (с) афзал шуморидан, корест беаслу бедалел. Аммо осори амалҳои солеҳе, ки аз инсон боқӣ мемонад, дар пешгоҳи Парвардигор арзишу савоби бештар доранд. Манфиъати онҳо ба соҳибонашон доимо мерасад. Ҳеҷ осоишу лаззат аз осоишу лаззати охират беҳтару хубтар нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «