Тафсири Сураи Марям Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 78
أَطَّلَعَ الْغَيْبَ أَمِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا ٧٨
Атталаъа-л-ғайба амиттахаза ъинда-р-Раҳмани ъаҳда. 78.
78. Оё ӯ ба ғайб иттилоъ ёфтааст ё аз назди (Худои) Раҳмон аҳде гирифтааст?
Нозил шудани ин ду оятро Имом Бухорӣ ва Имом Муслим (р), дар шаъни Хобоб ибни ал-Арат (р) донистанд. Ӯ (р) чунин гуфтааст: Касби ман дар он асно (ҷоҳилият) оҳангарӣ буд. Осс ибни Воил аз ман қарздор буд. Рӯзе барои гирифтани қарз назди ӯ рафта, қарзамро пурсидам. Ӯ гуфт: «То ба Муҳаммад кофир нашавӣ, қарзатро намедиҳам». Дар посух ба ӯ гуфтам: «Ба Худо қасам, агар ҳозир мурӣ ва зинда шавӣ ҳам, ба Муҳаммад (с) кофир намешавам». Ӯ гуфт: «Бисёр хуб! Агар ман мураму аз нав зинда шавам, маълум аст, ки ман мисли ту камбағал нестам, пас, албатта, молу дунё ва фарзандони бисёрро ба ман медиҳанд, дар он вақт биё қарзатро медиҳам. “Ҳамоно ин ду оят аз тарафи Худованд ба Расулуллоҳ (с) нозил шуд.” Дар онҳо Худованд хабар дод, ки оё ту он касеро, ки ба оятҳои мо куфр варзид ва бо боварии том гуфт, ки агар барпо шудани қиёмат ва аз нав зинда шудан ҳақ бошад, дар он рӯз молу ҳол фарзандони бисёреро ба ман дода мешавад, дидӣ? Оё туро хабар диҳам, ки ӯ чӣ хел инсон аст? Ӯ (Ос ибни Воил) касест, ки ба оятҳои нозилкардаи Мо кофир аст, бовар надорад, боз мегӯяд, ки баъди зинда шуданам қарзи туро бармегардонам. Оё ӯ илми ғайбро медонад? Ӯ ба чӣ эътимод дорад, ки бе ягон далел бо боварии том чунин суханҳоро мегӯянд? Аз куҷо фаҳмидааст, ки дар охират дар Биҳиштасту молу фарзандҳои бисёре ба ӯ дода мешавад? Ё магар «Лоилоҳа иллалолоҳ» гуфтаасту ба тақозои ӯ амал карда, аз Худованди Раҳмон аҳде гирифтааст? Ё имон дораду амали шоистае кардаасту ба ивази он умедвори подош аст? Ҳаргиз, ӯ чунин нест. Ӯ нобакор чунин суханҳоро барои масхара кардани мусалмонон мегӯяд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «