Тафсири Сураи Марям Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 80
وَنَرِثُهُ مَا يَقُولُ وَيَأْتِينَا فَرْدًا ٨٠
Ва нарисуҳу ма яқулу ва яътӣна фарда. 80.
80. Ва он чиро, ки мегӯяд, пас, аз вай бозситонем ва пеши Мо танҳо биёяд.
Он чи Осс ибни Воил аз молу фарзандони бисёри дунё дам зад, вақти мурдан ҳамаро аз даст медиҳад. Дигар чизе нест, ки рӯзи қиёмат дар тасарруфи ӯ қарор дошта бошад. Ҳама чиз аз сараш монда, дар тасарруфи Парвардигор қарор мегиранд. Ӯ яккаву танҳо бо дасти холӣ, дар додгоҳи адли Парвардигор ҳозир мешавад ва мебинад, ки ҳарчӣ дар дунё кардааст, дар номаи аъмолаш сабт шудааст, дигар ҳеҷ коре барои халосии худ карда наметавонад, сарашро ба куҷое, ки занад, дигар барои ӯ ҳеҷ фоидае нест. Пок аст Парвардигоре, ки зиндаро аз мурда пайдо мекунад. Шахсе, ки дар чанд оятҳо ҳамчун Осс ном бурда шуд, падари саҳобаи бузург Амр ибни Осс (р) аст, ки сарлашкари Ислом буд. Бо роҳбарии ӯ (р) давлати Миср фатҳ шуд ва нури Ислом дар он ҷо то ҳол дурахшон аст. Хулоса, шахсони мушрику кофир чандон бовар надоранд, ки бо дасти холиву тану танҳо назди Худованд ҳозир мешаванд, аз ин рӯ…
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «